Яке аз ваксинаҳое, ки дар Тоҷикистон ҳам истифода мешавад, алайҳи омикрон оҷиз аст: Кадом?

Гурӯҳе аз олимон мегӯянд, яке аз ваксинаҳое, ки феълан дар Тоҷикистон ҳам истифода мешавад, алайҳи навъи нави коронавирус - омикрон корношоям мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Ваксинаҳои чинии "CoronaVac" алайҳи омикрон тақрибан корношояманд, изҳор доштаанд бархе олимон, ки таҳқиқоташон дар маҷаллаи "Nature Medicine" нашр шудаст.
Ба гуфтаи мутахассисон, ба далели камсамарии ин ваксин миллионҳо нафар метавонанд таҳти хатари мубталошавӣ ба омикрон қарор гиранд.
Таъкид шудааст, ки зимни таҳқиқот олимон намунаи хуни сад нафареро ташхис кардаанд, ки ваксинаи "CoronaVac" гирифтаанд ва баъдан бо "Pfizer" дубора моякӯбӣ шудаанд.
Аз таъсири коронавирус ба мардон гуфтанд
Хунро то гирифтани вояи сеюм ва баъди 28 рӯзи моякӯбӣ гирифта, таҳти таъсири COVID-19 қарор додаанд, то тавоноии нобудсозии штми "уханӣ", делта ва омикроно санҷанд.
Маълум шудааст, ки бо ду навъи аввали коронавирус ваксинаи "CoronaVac" хуб мубориза бурдааст, аммо бо омикрон самаранокии хуб нишон надодааст.

"Осебпазирии омикрон аз антителаҳо дар муқоиса бо осебпазирии навъи аввали COVID-19 ҳудуди 7 баробар кам будаасту дар муқоиса бо осебпазирии делта чор баробар", - навиштаанд пажуҳишгарон.

Мутахассисон барои сокинони кишварҳое, ки аз доруи чинӣ истифода кардаанд, маслиҳат додаанд, ки дубора ваксина гиранд.
Маврид ба зикр аст, ки "CoronaVac" эҳтимолияти гирифторӣ ба коронавирусро 50,4% ва хатари маргро 94%.кам мекунад.
Феълан истифодаи ин ваксина ваксина дар беш аз 50 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон низ иҷозат дода шудааст, ки ахиран ҳудуди 3 миллион вояро дастрас намуд.