ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Бозии охири даври дуюми CAFA-2022 дар Душанбе миёни тимҳои Тоҷикистону Эрон бо пирӯзии дастаи меҳмон анҷом ёфт.
Ба иттилои ФФТ, бонувони эронӣ ба дарвозаи тими Тоҷикистон 12 голи беҷавоб ворид намуданд. Дастаи Ӯзбекистон қаблан тими Қирғизистонро бо ҳисоби 11:0 шикаст дода буд.
Дар пайи ҷамъбасти ду давр тими Эрон бо шаш хол пешсафи ҷадвал мебошад. Дастаи Ӯзбекистон соҳиби се хол аст. Мунтахабҳои Қирғизистону Тоҷикистону, ки якхолӣ доранд, мутаносибан дар ҷойҳои се ва чор қарор гирифтаанд.
Бозиҳои марҳилаи сеюми қаҳрамонии CAFA-2022 дар риштаи футзал миёни тимҳои мунтахаби бонувон рӯзи 24 январ баргузор мешаванд. Соати 15:00 бозӣ миёни тимҳои Қирғизистон ва Эрон оғоз мегардад. Соати 18:00 бошад, дастаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар маҷмаи варзишии Душанбе вориди майдон мешаванд.
ФФТ тавзеҳ дод, ки нахустин қаҳрамонии футзали CAFA миёни тимҳои бонувон аз рӯи низоми даврӣ дар ду давр баргузор мешавад. Дар ин шева ҳар тим шаш бозӣ анҷом медиҳад.
Дар маҷмуъ дар ин қаҳрамонӣ 12 бозӣ баргузор мешавад, ки дар ҷамъбасти он аз рӯи холҳо тими ғолиб муайян мешавад.