ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Арманистон Армен Саркисян истеъфо дод. Дар ин бора сарвари давлат дар вебсайти худ хабар дод.
"Ман муддати хеле тӯлонӣ фикр кардам ва пас аз тақрибан чаҳор соли кори фаъол тасмим гирифтам, ки аз мақоми раисҷумҳури Арманистон истеъфо диҳам. Ин комилан тасмими эҳсосотӣ нест ва аз як мантиқи муайян бармеояд", - таъкид кард Саркисян.
Ба гуфтаи вай, "раисиҷумҳур абзори зарурӣ барои таъсир расонидан ба равандҳои бунёдии сиёсати дохилию хориҷии кишвар дар давраи душвори кунуниро надорад".
Саркисян қайд кард, ки ниҳоди сарвари давлат "набояд объекти ғайбат ва назарияҳои тавтеа бошад", ки таваҷҷуҳи ҷомеаро аз масъалаҳои муҳим дур кунад.
Имрӯз ба Арманистон "амали пурмазмун ва хуб андешидашуда" лозим аст, гуфт вай.
"Дар акси ҳол мо, арманиёни тамоми ҷаҳон ба ҳадафи рисолати худ намерасем, худро дар ҳошияи таърих хоҳем дид. Мо дигар ҳақ надорем, ки хато кунем", - гуфт Саркисян.
Ба бовари сиёсатмадор, Арманистон аз рӯи шакл ҷумҳурии президентист, аммо на аз ҷиҳати мазмун.
Вай ҳамчунин афзуд, ки раисҷумҳур ва хонаводаи ӯ ҳадафи гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ мешаванд, ки "на он қадар ба дастовардҳои ниҳоди президентӣ ба нафъи кишвар манфиатдор ҳастанд".
Саркисян дар поёни муроҷиат ба артиши кишвар ва ҳамкоронаш барои фаъолияти пурсамарашон изҳори сипос кардааст.
Ёдовар мешавем, ки сиёсатмадор аз соли 2018 раҳбарии Арманистонро бар уҳда дошт.