Муҷоҳид: Ҳақ дорем, мухолифонро боздошт кунем

Ҳамзамон бо иддаои боздошти ду зани муътариз дар Кобул тавассути гурӯҳи толибон сухангӯи ин гурӯҳ мегӯяд, онон ҳақ доранд, то “муххолифон ва касоне, ки қавонинро нақз мекунанд”, боздошт ва зиндонӣ кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Ин мавзуъро Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи толибон дар суҳбат бо хабаргузории “Франс-Пресс” шарҳ додааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.

“Ҳеҷ кас набояд даст ба бесарусомониҳо занад”, - гуфт ӯ;

Ба гуфтаи вай, дар ин сурат ба “сулҳу тартибот” халал ворид мешавад.
Вай ҳамчунин боздошти Таммано Зарёб Парёнӣ ва Парвона Иброҳимхел, занони эътирозгар дар Кобулро рад кард.
Аммо занони тазоҳургар таъкид мекунанд, ки ду нафари онҳо шабона аз сӯйи толибон боздошт ва ҳоло дар боздоштгоҳи ин гурӯҳ нигаҳдорӣ мешаванд.
Намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Кобул (UNAMA) низ аз нопадид шудани Таммано Зарёб Парёнӣ ва Парвона Иброҳимхел изҳори нигаронӣ карда ва аз толибон хост, то дар бораи макони будубоши онҳо маълумот диҳанд.
Раҳпаймоии мардони Кобул барои ҳимоят аз ҳиҷобпӯшии занон - видео
Толибон дар панҷ моҳи ахир барои занон маҳдудиятҳое ҷиддӣ ҷорӣ карда, онҳоро аз кор ва таҳсил маҳрум кардаанд. Ин маҳдудиятҳо боиси эътирози густурдаи занон шудааст. Эътирозгарон дар тазоҳуроти худ шиори "Нон, кор ва озодӣ" бардоштанд.
Аммо Забеҳуллоҳ Муҷоҳид таъкид кард, ки ҳукумати толибон ба ҳуқуқи занон “мувофиқи тафсири шариати исломӣ” бовар доранд.

“Ҳатто бидуни дархост (аз ҷомеаи ҷаҳонӣ) мо чунин мешуморем, ки занон бояд кор кунанд ва таҳсили худро идома диҳанд”, – гуфт сухангӯи толибон.

Аммо санаи иҷозаи бозгашти духтарон ба мактабро пешниҳод накард ва танҳо гуфт, ки ин кор имкон дорад, "соли оянда" роҳандозӣ шавад.