ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Алия Назарбоева, ки саҳифаҳои иҷтимоияшро зимни нооромиҳои охири Қазоқистон тоза карда буд, дубора ба шабакаҳо омад.
Ба навиштаи Sputnik Қазоқистон, он вақт шабакаи "Instagram" муайян кард, ки духтари Назарбоев дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ қарор дорад. Ӯ он замон бинои сӯхтаи ҳукумати Алмааторо нашр карда, аз рух додани чунин ҳодиса изҳори нигаронию таассуф карда буд.
Хабар дода мешавад, ки баъди беш аз як ҳафта Назарбоева саҳифаҳояшро дар "Facebook" ва "Instagram" барқарор карда, дар яке аз нахустин паёмҳояш аз андарзҳои Умари Хайём, шоири форс иқтибос овардааст. Ӯ навиштааст, Худоро вақти шодмоният ёд кун, то вақти ғамгиният туро ёд кунад.
Паёми қаблӣ, ки 13-уми январ нашр шуда буд, аз Дубай ва паёми ҷадид аз Қазоқистон нашр гардидааст.
Духтари хурдии раисҷумҳури собиқи Қазоқистон 41 сол дошта, ба тиҷорат, фаъолияти иҷтимоӣ, хайрия ва филмсозӣ машғул аст. Аз моҳи ноябри соли 2017 Алия роҳбарии Ассотсиатсияи созмонҳои экологӣ дар Қазоқистонро бар уҳда дорад.
Ёдовар мешавем, дар пайи эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон аксари расонаҳо навиштанд, ки Нурсултон Назарбоев ҳамроҳ бо хонаводааш ин кишварро тарк кардааст. Худи Назарбоев бо нашри як навор изҳор дошт, ки давлати пирӣ меронаду дар Қазоқистон қарор дорад.