Ҷудокорони тоҷик ба Португалия мераванд

Ин нахустин рақобати ҷудокорони тоҷик дар соли 2022 хоҳад буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 янв - Sputnik. Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқоти ҷаҳонии ҷудо, ки дар Португалияи доир мешавад, ду паҳлавон мефиристад.
Ҷумҳуриро дар ин мусобиқа Сомон Маҳмадбеков ва Комроншоҳ Устопириён намояндагӣ мекунанд.
Ин нахустин мусобиқаи IJF (ФҶҶ) дар соли 2022 буда, баргузории он дар рӯзҳои 28-30-юми январ дар назар аст.
Дар мубориза барои медалҳои Гранд Слами ҷудо 2022 беш аз 400 варзишгар аз 45 кишвари ҷаҳон ширкат мекунанд.
Рақобатҳо миёни мардон ва занон дар 14 вазн баргузор мегардад.
Пас аз он, рӯзҳои панҷум ва шашуми феврал "Тоскулоҳи бузург" дар Париж барпо мегардад, ки яке аз бузургтарин рақобатҳои ҷаҳонӣ дар ин намуди варзиш гуфта мешавад.
Қабули қоидаҳои нав дар ҷудо: аз танзими мӯйи сару либос то тарзи ҳамла
Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) ахиран маҷмуи қоидаҳои навро эълон кард, ки гуфта мешавад, ба ҳифзи варзишгарон ва “модернсозӣ”-и ин намуди варзиш дар омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 кӯмак хоҳад кард.
Қоидаҳои нав дар Гран Прии Одивелас, ки қарор аст, аз 28 то 30 январ дар Португалия баргузор гардад, ҷорӣ хоҳанд шуд.