Тоқаев ҷалби муҳоҷиронро нодуруст хонд, вақте худиҳо маоши баланд мехоҳанд

Президенти Қазоқистон дар мулоқот бо соҳибкорони кишвараш масъалаи ҷалби муҳоҷирони меҳнатии хориҷиро ба миён гузошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 янв - Sputnik. Нерӯи кории хориҷӣ яке аз мавзуъҳои мулоқоти Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон бо соҳибкорони бузург дар ин кишвар буд.
Ман нодуруст мешуморам, вақте бархе соҳибкорони алоҳида пешниҳод мекунанд, ки теъдоди квотаҳо арои ҷалби коргарони хориҷӣ зиёд карда шавад", - хабар дод Sputnik Қазоқистон аз қавли Тоқаев.
Вай афзуд, ҷалби коргарони хориҷиро бо шумораи кам ва танҳо дар он бахшҳое дуруст мешуморад, ки воқеан мутахассисони он дар кишвар намерасанд.

"Суҳбатҳо дар бораи ҷалби гурӯҳии хориҷиёнро ба он далел, ки қазоқистониҳо маоши баланд металабанду дар сатҳи зарурӣ кордӯст нестанд, бояд қатъ карда шаванд", - гуфт Тоқаев.

Ба гуфтаи президенти Қазоқистон, дар ин кишвар теъдоди кофии коргарони меҳнатдӯст, аз ҷумла миёни ҷавонон мавҷуданд. Вазифаи давлат ва соҳибкорист, ки идеологияи корро роҳандозӣ намоянд, таъкид намуд президенти Қазоқистон.
Президент: 162 нафар соҳиби нисфи дороиҳои Қазоқистонанд
Суҳбати Тоқаев аз муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳолест, ки Қазоқистон баъди Русия дуюмин кишвари муҳоҷирпазир аз Тоҷикистон ба шумор меравад. Ҳамасола аз Тоҷикистон садҳо ҳазор нафар ба Русия ва Қазоқистон сафар мекунанд, то ниёзҳои хонаводаҳояшонро таъмин намоянд.