ДУШАНБЕ, 21 янв - Sputnik. Девони Вазирони Қирғизистон муҳлати амали “долони сабз” (афви муҳоҷиратӣ) барои шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрвандро муайян кард.
Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар хабар медиҳад.
Гуфта мешаад, ки бо дарназардошти барқарор шудани алоқаи ҳавоӣ ва заминӣ бо кишварҳои дигар муҳлати "долони сабз" барои хориҷиён якуми марти соли 2022 анҷом меёбад.
Ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд тавсия дода мешавад, ки то 1 март Қирғизистонро тарк кунанд ё барои будубоши қонунӣ дар ин кишвар ҳуҷҷат (виза, бақайдгирӣ) омода кунанд.
Раводидро дар шакли электронӣ аз тариқи портали "Электронная виза" (evisa.e-gov.kg) бо далели мавҷуд будани асос барои иқомат дар ин ҷумҳурӣ гирифтан мумкин аст.
Вазорат қайд мекунад, ки пас аз 1 март хуруҷи хориҷиён аз Қирғизистон, ки қоидаҳои будубошро вайрон кардаанд, танҳо пас аз пардохти ҷарима ва додани раводид имконпазир хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, дар давраи маҳдудиятҳои марбут ба COVID-19 дар ҷаҳон шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд (то 1 март) бидуни гирифтани раводиди хуруҷ ва сабти ном дар маҳалли зисти муваққатӣ аз қаламрави Қирғизистон берун шаванд.