ДУШАНБЕ, 21 янв - Sputnik. Сергей Лавров аз Энтони Блинкен барои даъваташ ба музокирот дар Женева сипосгузорӣ кард, навиштааст РИА "Новости".
Ба иттилои хабаргузорӣ, Сергей Лавров дар оғози музокирот, ки феълан идома дорад, аз кафолатҳои амниятӣ зикр намуд.
"Сипос барои пешниҳоди анҷоми мулоқот дар Женева дар заминаи корҳое, ки сари пешниҳодҳо барои кафолатҳои амниятӣ оғоз шудаанд", - гуфт Лавров.
Интизор меравад, гуфтушунидҳо ду соат идома ёбанд ва пас аз он нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.
Блинкен зимни як суҳбати расонаӣ дар арафаи музокирот гуфт, аз мулоқоташ бо Лавров пешрафтҳои хосеро интизор надорад. Вай афзуд, ки то ҳол музокироти зиёде бо ҷониби Русия сурат гирифтаанд ва дар мулоқоти Женева маълум хоҳад шуд, ки ҷонибҳо чӣ хулосае барои худ баровардаанд.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан Русия лоиҳаи созишномаҳо бо ИМА ва кишварҳои узви НАТО-ро пешниҳод карда буд. Дар ин тарҳҳо бандҳои марбути кафолати тарафайни амниятӣ дар Аврупо, ҷой надодани мушакҳои миёна ва кутоҳпарвоз дар фосилаи дастрасӣ ба қаламрави ҳамдигар, худдорӣ аз васеъ кардани Эътилофи Атлантикаи шимолӣ аз ҳисоби кишварҳои пасошӯравӣ дарҷ гардидаанд.