ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз сабти 23 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус гузориш медиҳад.
"Ирӯз, 21 январ зимни баргузории ҷаласаи навбатии Ситоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба андешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати пешгирӣ ва табобати гирифторони бемории COVID-19 маълум гардид, ки давоми як шабонарӯзи охир дар мамлакат 23 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон бо ин сироят ба қайд гирифта шудааст", - афзудааст манбаъ.
Ин ниҳоди мушаххас накардааст, ки оё навъи омикронии коронавирус, ки дар кишварҳои ҳамсоя пайдо шуд, миёни гирифторони нав дар Тоҷикистон ҳаст ва ё на.
Дар маҷмуъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз дар кишвар 17 118 нафар ба унвони гирифторони COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16971 нафар (99,3%) шифо ёфтаанд.
Инчунин то ҳол аз бемории мазкур 124 нафар аз шаҳрвандони мамлакат фавтидаанд.
Вазорати тандурустӣ хотиррасон мекунад, ки дар шароити паҳншавии босуръати бемории COVID-19 яке аз роҳҳои асосии пешгирии паҳншавии ин беморӣ эмгузаронӣ мебошад.
Тибқи тавсияҳои Ситоди оперативӣ оид ба мубориза бар зидди COVID-19, талабот барои вуруд ба кишвар сахттар шудааст.
Ҳамаи шаҳрвандони ба ҷумҳурӣ воридшуда барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус аз ташхиси иловагӣ мегузаранд.
Суръати эмгузаронии ахолӣ низ зиёд карда шуд. Ҳамзамон табибони ҷумҳурӣ вояи сеюми ваксинаи зидди коронавирусро мегиранд.
Ҳангоми ворид шудан ба кишвар пешниҳоди санҷиши тести коронавирус бо натиҷаи манфӣ ҳатмӣ шудааст.
Қобили зикр аст, ки сокинони Тоҷикистон тақрибан ду ҳафта пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ бонги изтироб зада, ба нашри аксҳои санҷишҳо бо натиҷаи мусбати COVID-19 шуруъ карда буданд.
Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабарҳо дар бораи бозгашти коронавирус ба кишварро расман рад карда буд.