ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ҳадаф аз санҷишҳои шабона дар муассисаҳои муолиҷавиро шиносоии наздик бо фаъолияти онҳо арзёбӣ кард.
"Дар ҷараёни боздиди хеш масъулини вазорат бо рафти хидматрасонии шабонаи муассисаҳои тандурустӣ шинос шуда, инчунин бо беморон суҳбати озоду ошкоро анҷом дода, аз онҳо доир ба сатҳи хизматрасонӣ пурсон шуданд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки ба ҳамин восита масъулини Вазорати тандурустӣ мехоҳанд камбудиҳоро ошкору бартараф созанд, то сатҳи хидматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ боло бурда шавад.
Манбаъ афзуд, ки бо ин ҳадаф гаштҳои шабонаю рӯзона дар муассисаҳои тандурустии кишвар роҳандозӣ гардидаанд.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан дар доираи ин иқдом Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар аз бинои 6-уми маркази тиббии "Шифобахш", маъруф ба беморхонаи Қарияи Боло боздид кардааст. Абдуллозода назари беморону наздиконашонро дар мавриди сатҳи хидматрасонӣ дар ин муассиса шунида, ба масъулин барои беҳтар намудани сатҳ ва сифати хидматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дастур додааст.
Инчунин Вазорати тандурустӣ мегӯяд, рӯзҳои сешанбе ва шанбеи ҳар ҳафта дар ин ниҳод рӯзи қабули шаҳрвандони кишвар эълон шудааст. Ба иттилои вазорат, сокинон метавонанд бевосита бо роҳбарияти ин ниҳод суҳбати озод дошта бошанд ва мушкилоташонро ба миён гузоранд.