Таърихи музокироти раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳинд маълум шуд

Ба ҷои сафари расмии раҳбарони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба Ҳиндустон мулоқоти сатҳи олӣ онлайнӣ дар назар аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон гуфт, нахустин нишасти Ҳинд ва Осиёи Марказӣ дар охири моҳи январ баргузор мешавад.
Интизор меравад, дар ин музокирот руасои ҷумҳурҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат кунанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон то ҳол ширкаташ дар ин нишастро расман тасдиқ накардааст.
Муколамаи сиёсати хориҷӣ дар формати виртуалӣ 27 январи соли 2022 баргузор мешавад, аммо рӯзномаи ин ҷаласа дақиқ нашр нашудааст.
Сафари Раҳмон ба Ҳиндустон лағв шуд: сабаб
Вазорати хориҷаи Ҳинд гуфтааст, ки ҷонибҳо "дар бораи масъалаҳои минтақаӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, бахусус масъалаҳои марбут ба амнияти минтақаӣ табодули афкор хоҳанд кард".
Қобили зикр аст, ки қаблан раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба муносибати Рӯзи ҷумҳурӣ дар Ҳинд 26 январ ба Деҳлӣ барои ширкат дар паради низомӣ даъват шуда буданд. Аммо ҳама президентҳо сафар ба Ҳиндустонро ба далели бад шудани вазъи эпидемиологӣ лағв карданд.
Аз вазъи Афғонистон то сармоягузорӣ: Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳинд аз чӣ гуфт?
Ин тааҷҷубовар нест. Тибқи маълумоти ахир, Ҳиндустон аз рӯи шумораи мубталоён ба коронавирус пас аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҷои дуюм аст. Дар давраи пандемия дар ин кишвар беш аз 37,3 миллион ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 ошкор шудааст.
Аз рӯи шумораи фавтидагон аз сирояти коронавирус Ҳиндустон дар феҳристи ҷаҳонии ТУТ дар ҷои сеюм қарор дорад.
Бори охир Эмомалӣ Раҳмон соли 2016 дар чаҳорчӯби як сафари дурӯза ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ба Ҳинд рафта буд.