Равил Гайнуддин, роҳбари Идораи мусалмонони Русия дар як муроҷиати изтирорӣ аз мусалмонон даъват кардааст, ки ваксина бигиранд.
Ӯ қайд кард, Муҳаммад (с) таълим додааст, ки ба худ ва дигарон зарар нарасонед ва ҳаёту саломатӣ неъматҳоеанд, ки бояд ҳифз шавад.
"Инсоният як лаҳзаи душворро аз сар мегузаронад. Миллионҳо нафар наметавонад бо бемории хатарнок мубориза барад. Дар айни замон даҳҳо, садҳо нафар дар шуъбаи эҳё қарор доранд", - гуфт рӯҳонӣ дар шарҳи вазъи коронавирус.
Гайнутддин қайд кард, ҳамаи онҳое, ки аз COVID-19 зарар дидаанд, хешовандон ва дӯстони касе ҳастанд. Муфтӣ афзуд, дар шароити ҳамагирӣ ҳар як диндор вазифадор аст, ки ба тавсия ва дастурҳои табибон гӯш диҳад.
"Дар давраи пандемияи шадид роҳи беҳтарини наҷоти одамон ваксина аст", - гуфт раиси мусулмонони Русия.
Вай тавзеҳ дод, ки эмкунӣ на танҳо шахси ваксинашуда, балки атрофиёнро низ муҳофизат мекунад: "Падарону модарони солхӯрда, заифону нотавон, беморонро".
Равил Гайнутддин аз ҳамаи ҳамватанон даъват кард, ки масъулиятшинос бошанд, бираванд ва ваксинаи заруриро бар зидди коронавирус бигиранд ва барои дигарон намуна бошанд.