Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

СҶБ: Маҳдудиятҳо дар ҳамлу нақли байналмилалӣ ба далели омикрон бесамар аст

Маҳдудиятҳо дар ҳаракати байни давлатҳо ба иқтисодиёт зарари иловагӣ мерасонанд, мегӯянд мутахассисон
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт (СҶБ) хостори лағви маҳдудиятҳои ҳамлу нақли байналмилалӣ шуд, ки бар асари штамми омикрон ҷорӣ шудаанд, хабар медиҳад РИА "Новости".
Коршиносони созмон бар ин назаранд, ки ин тадбирҳо фоидаи иловагӣ намеоваранд ва ба фишори иқтисодиву иҷтимоии кишварҳо мусоидат мекунанд.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки "нокомии маҳдудиятҳои сафар, ки пас аз кашфи штамми омикрон барои пешгирии паҳншавии он ҷорӣ карда шуда буданд, бесамар будани ин чораҳоро бо мурури замон нишон медиҳад".

Тадбирҳое чун ниқобпӯшӣ, озмоишҳо, карантин, ваксинаҳо бояд дар асоси хатар бошанд, ва ба сайёҳон бори молӣ наоваранд, гуфтаанд дар созмон.
Бо дарназардошти тақсимоти нобаробари ваксинаҳо дар саросари ҷаҳон СҶБ даъвати худро такрор мекунад, ки "барои сафарҳои байналмилалӣ далели эмкунии COVID-19-ро ҳамчун ягона ё шарти иҷозати сафарҳои байналмилалӣ талаб накунанд".
Собянин эҳтимоли ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо дар Маскавро шарҳ дод
Коршиносон таъкид карданд, бо вуҷуди он ки ваксинаҳои мавҷуд то ҳол дар коҳиш додани хатари бемории шадид ва марг аз COVID-19 муассир ҳастанд, онҳо хатари интиқоли коронавирусро комилан аз байн намебаранд.
Дар робита ба ин кишварҳои ҷаҳон бояд стратегияи ҳифзи аҳолии осебпазир аз COVID-ро ҳамоҳанг созанд. Диққати махсус бояд ба кишварҳое дода шавад, ки сатҳи пасти эмкунӣ, бахусус кишварҳое, ки ин нишондод дар онҳо аз 10% камтар аст, равона шавад.