ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik Сафири Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо ноиби вазири энергетика ва захираҳои табии он кишвар вохӯрӣ доир намуд. Дар ин бора котиботи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар дода афзуд, вохӯрии Гулов бо Алпарслан Байрактар рӯзи 20-уми январ сурат гирифт.
Манбаъ меафзояд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба вазъи кунунии ҳамкориҳо ва иқдомҳои оянда ҷиҳати тақвияти онҳо дар соҳаҳои энергетика ва саноати кӯҳӣ, алалхусус дар доираи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, ибрози назар намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки соҳаи энергетика яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад.
Ноиби вазири энергетика изҳор доштааст, ки бо назардошти он ки Тоҷикистон иқтидори тавлиди нерӯи барқ дар ҳаҷми 527 миллиард кВс дорад, сармоягузорон таваҷҷӯҳи зиёд ба кишварро доранд.
Илова бар ин, ӯ зикр намуд, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои пешсаф дар масъалаи обӣ ба ҳисоб меравад.
ВУХ Тоҷикистон мегӯяд, ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки ҷиҳати дастрас намудани маълумоти бештар оид ба имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон вохуриҳои маҷозӣ дар соҳаҳои энергетика ва саноати кӯҳи дар фурсати наздик ташкил намуда, аз натиҷаи онҳо ҳайатҳои тиҷоратии хешро ба Тоҷикистону Туркия, сафарбар менамоянд.