ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Ҷон Кирби, сухангӯи Вазорати дифои ИМА дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки Пентагон бар сари тасмиме дар бораи сарнавишти чархболҳои Афғонистон, ки берун аз он кишвар ҷойгиранд, кор мекунад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
“Метавон тасаввур кард, ки чархболҳо барои истифодаи толибон ба Афғонистон фиристода нахоҳад шуд”, - гуфт генерали амрикоӣ.
Дар замони ҳукмронии толибон шуморе аз чархболҳо ва ҳавопаймоҳои артиши Афғонистон ба Тоҷикистону Ӯзбекистон интиқол дода шуда буданд.
Муллоёқуб Муҷоҳид, сарпарасти Вазорати дифои толибон ҳафтае пеш дар нишасте дар шаҳри Кобул ба Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳушдор дод, ки чархболҳо ва ҳавопаймоҳои низомии Афғонистонро баргардонанд.
Вай гуфт, чархболҳову ҳавопаймоҳо моли мардуми Афғонистон ҳастанд ва толибон иҷоза намедиҳанд, ки аз онҳо истифода кунанд.
Муллоёқуб хитоб ба ин кишварҳо гуфт, ки “сабр”-и толибонро насанҷанд ва ин гурӯҳро маҷбур насозанд, иқдом кунанд.
Сухангӯи Пентагон ба хабарнигорон гуфт, рисолати он идомаи ҳифзи Иёлоти Муттаҳида, аз ҷумла аз ҳар гуна таҳдиди террористие, ки аз Афғонистон сар мезанад, мебошад.
"Мо ба он чӣ дар он ҷо мегузарад, нигоҳ мекунем. Мо дар мубориза бо терроризм масъулиятҳои ҷиддӣ ва муҳим дорем. Мо тавоноиҳои фаротар аз уфуқ дорем, ки метавонем аз онҳо истифода кунем ва ҳамчунин мехоҳем итминони ҳосил кунем, ки Афғонистон ба унвони паноҳгоҳи амн барои ҳамла ба меҳан нест”, -гуфт оқои Кирби.