ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Олимони институт дар расадхонаи астрономии байналмилалии "Санглох" 384 соат мушоҳидаи ситораҳои фавқулнав гузаронида, шаш ҳазор тасвирҳои рақамиро коркард кардаанд.
Дар ин бора хадамоти матбуотии Академияи илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки ин таҳқиқ аз ҳамкорӣ бо расадхонаи астрофизикии Қрим сарчашма гирифитааст.
Қайд мешавад, ки мушоҳидаи ситораҳо аз расадхонаи "Санглох" дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон якумин бор ба роҳ монда шуд ва барои чунин мушоҳидаҳои фаъол расадхона ба барномаи байналмилалии VSNET (Variable Star Network), ки аз тарафи Расадхонаи миллии астрономии Ҷопон ташкил шудаст, ворид гардид.
"Чунин мушоҳидаҳо барои тадқиқоти ҷараёнҳои вобаста бо таркиши ситораҳои нав ҷиддӣ мебошанд ва дар муаммои пайдоиши ситораҳо саҳм мегузоранд.", - омадааст дар хабар.
Мавриди назар аст, ки дар чунин соҳа мутафаккири бузурги Шарқ Абуалӣ ибни Сино таҳқиқот бурдааст. Ӯ барангезиши ситораи навро (SN1006) дар китоби "Аш-шифо" тасвир карда, далелҳои онро дар ин китоб тавсиф кардааст.
Имрӯзҳо ин ситора бо номи SN (super nova) ба қайд гирифта шудааст. Тавсифи амиқи ситораи нав саҳми бузурги Абуалӣ ибни Синоро дар ҷодаи илмҳои табиатшиносӣ тасдиқ менамояд.