Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Аз нахустин рӯзи гирифорӣ ба омикрон чӣ бояд кард ва кадом доруҳоро хӯрд

Пизишки рус тавсия додааст, ки аз нахустин рӯзҳои гирифторӣ ба шатамми нави коронавирус чӣ бояд кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Аз рӯзи аввали гирифторӣ ба штамми омикрон бояд чораҳои муайян андешид, мегӯяд Светлана Сметанина, сармутахассиси бемориҳои сироятии Раёсати тандурустии шаҳри Маскав.
Ин мутахассис гуфт, аз нахустин рӯзи мубтало шудан бо штамми нави коронавирус дар як рӯз тақрибан 2 литр моеъ бояд нӯшид. Ҳамчунин давоми рӯз се бор ҳарорати баданро санҷидан зарур аст.
Дар сурати давоми се рӯз то 38 дараҷа баланд шудани ҳарорати бадан ӯ даъват кардани духтурро тавсия медиҳад.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Гинсбург гурӯҳи одамонеро ном бурд, ки умуман ба омикрон гирифтор намешаванд
Ба гуфтаи мутахассиси бемориҳои сироятӣ, барои рафъи дарди гулӯ мумкин аст, доруҳои зиддимикробӣ ва зиддиилтиҳобӣ истеъмол намуд.
Дар баробари ин Сметанина дар мусоҳиба бо ТАСС имкони истифодаи доруҳои зиддивирусиро истисно накардааст.
Қаблан Андрей Тяжелников, сармутахассиси ҳифзи саломатии аҳолии калонсоли Раёсати тандурустии Маскав дар бораи муолиҷаи нишонаҳои аввалини омикрон тавсияҳо дода буд.
Ӯ ёдовар шуда буд, ки нишонаҳои асосии ин навъи коронавирус дарди гулӯ ва мушакҳо, заифӣ ва хастагӣ, табларза, сулфаи хушк, дарди сар ва резиши оби бинӣ мебошад.
СҶБ аз бурузи штаммҳои нави коронавирус ҳушдор дод
Мутахассис гуфт, агар чунин нишонаҳо пайдо шуданд, зарур аст, дар хона бимонед. Ӯ гуфт, танҳо дар сурате ки ҳарорати бадан аз 38 дараҷа боло шуд, он замон доруҳои пасткунандаи таъби баданро бояд хӯрд.
Ба гуфтаи табиб, антибиотикҳо бар зидди COVID-19 таъсир намекунанд. Ба ҷои ин ӯ маслиҳат дод, ки аз доруҳои зиддивирусӣ ва зиддиилтиҳобӣ истифода шавад. Инчунин мутахассис тавсия медиҳад, ки ғарғара кунед ва биниро бо оби намак бишӯед.