ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Чин ба яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Дар ин бора Завқӣ Завқизода иттилоъ дод.
Ахиран форуми "Чин - Осиёи Марказӣ" аз тариқи онлайнӣ баргузор шуд, ки намояндаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар он ширкат кард.
Дар ин ҳамоиш ҳамчунин намояндагони Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Чин низ ширкат карданд. Мавзуи асосии форум масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ буд.
Ба гуфтаи Завқӣ Завқизода, ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ ва Пекин рушд карда, ба сатҳи боло расидаанд.
Вазир гуфт, Пекин ба яке аз сармоягузорони бузургтарини Душанбе табдил шудааст.
Дар соли 2021 ҳаҷми муомилот бо Чин нисбат ба соли 2020 78 фоиз афзуда, ҳиссаи гардиши мол беш аз 13 фоизро ташкил медиҳад.
Ҳоло Пекин дар байни шарикони асосии иқтисодии Душанбе дар ҷои чаҳорум қарор дорад.
Дар фарҷоми видеоконфронс иштирокчиёни он омодагии худро барои рушди ҳамкорӣ дар ин самт изҳор доштанд.
Ёдовар мешавем, дар соли 2021 гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Чин ҳудуди 770 миллион доллар арзёбӣ шуд. Илова бар ин Пекин пайваста ба Душанбе кумаки башардӯстона мекунад. Ҳаҷми он дар охири сол бештар аз 30 фоизро ташкил дод.
Бахши асосии вуруди сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон ба Пекин марбут аст ва ин кишвар бар ивази пулҳояш бештари конҳои тилои Душанберо дар аст дорад.