ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Манучеҳр Сафаров ва Ваҳдат Ҳаннонов, ду футболбози тоҷикистонии ин дастаи футболи Эрон бо вуҷуди дарёфти корти бозии худ ҳамчунон наметавонанд дар дидорҳои расмии ин тим ба майдон бароянд, иттилоъ додааст сомонаи хабарии “Порс тудэй”.
Ба иттилои манбаъ, созмони Лигаи бартари футбол дар ҳоле корти бозии онҳоро содир кардааст, ки сурхпӯшон ба далели пардохт накардани мутолиботи Кристиян Осагуна, муҳоҷими нигерияии пешини сурхҳо ҳамчунон бо номаи вакили ӯ барои пардохти пул ба ин бозикун рӯ ба рӯ шудаанд.
Ҳамин мавзуъ боиси истеъломи бошгоҳи "Персполис" аз Федератсияи футбол шуд, то онҳо аз тариқи мукотиба бо ФИФА муҷаввизи истифода аз бозикунони ҷадиди "Персполис"-ро содир кунанд.
Гуфта мешавад, ФИФА то ҳол посухе ба ин дархости Федератсияи футболи Эрон надодааст.
Манбаъ қайд кардааст, ки замонати бошгоҳи "Персполис"-и Теҳрон бобати пардохти талаби Осагуна ба созмони лига боис шуда, то онҳо хостори мувофиқати созмони лига бо ин дархост шаванд, ки қарор аст, таклифи ин мавзуъ дар ҷаласаи масъулони ҳуқуқӣ ва иҷроии он гирифта шавад.