Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Нахустин фавт аз штамми омикрон сабт шуд: дар кадом давлат?

Дар Таиланд марги ду маризи штамми омикрон сабт шуд. Бояд гуфт,, ин нахустин ҳолати фавт аз навъи нави коронавирус аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Ду ҳолати фавт аз штамми нави коронавирус - омикрон дар Таиланд сабт шуд, хабар медиҳад рӯзномаи "Bangkok Post" бо истинод ба изҳороти мақомоти маҳаллӣ.
Аписмай Срирангсон, сухангӯи Маркази идоракунии COVID-19 рӯзи душанбе гуфт, ду зани солхӯрда аз ин беморӣ ҷон бохтанд.
Аввалин қурбонии омикрон зани 86-сола аз вилояти Сонгхла буд. Вай ҳамзамон бемории музмин низ дошт.
Сироят ба коронавирус дар Ӯзбекистон рекордӣ шуд: Беш аз ҳазор ҳолат дар як рӯз
Ҳамзамон як зани дигари 84-сола аз музофоти Удонтхани рӯзи шанбе даргузашт. Ӯ мубталои саратони шуш буд ва алайҳи коронавирус ваксина нагирифта буд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки аввалин ҳолати сироятёбӣ ба омикрон дар як шаҳрванди ИМА, ки рӯзи 30-юми ноябр аз Испания ба Таиланд омада буд, ошкор шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки штамми нави коронавирус аллакай ба кишварҳое чун Русия, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон низ роҳ ёфтааст.
Тоҷикистон ҳоло аз ин беморӣ дар амон аст, вале мутахассисон роҳ ёфтани вируси мазкур ба кишварро низ истисно намекунанд.