Аблязов гуфт, нақшаи тағйири ҳукумат дар Қазоқистонро дорад: суҳбати бонкдори фирорӣ

Бонкдори фирорӣ мегӯяд, ӯ дар ҳукумати муваққатии Қазоқистон мақоми сарвазирро хоҳад дошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Аблязов, ки феълан дар Фаронса иқомат дорад, изҳор дошт, ки нақшаи иваз намудани ҳукумат дар Қазоқистонро таҳия намудааст.
Ӯ дар суҳбат бо РИА "Новости" аз нияташ барои талаби кумак аз Аврупо хабар дода, афзуд, ки мехоҳад дар ҳукумати муваққатӣ сарвазир бошад.

"Мо барои тағйири ин низом муваффақ хоҳем шуд. Ба Қазоқистон бармегардаму давоми 6 моҳ дар ҳукумати муваққатӣ сарвазир хоҳам буд. Баъдан интихобот эълон мегардад ва агар ҳизби мо пирӯз шавад, сарвазири қонунӣ хоҳам шуд", - гуфтааст ӯ.

Вай таъкид намудааст, ки мақоми президентиро дар Қазоқистон умуман лағв мекунад.
Ин дар ҳолест, ки ғоибона Аблязов барои куштори шарики тиҷорияш Ержан Татишев дар соли 2004-ум ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуд. Аммо худаш мегӯяд, аз эҳтимол дур нест, ки ояндаи наздик ба Қазоқистон баргардад.
"Аз тариқи телевизиони Фаронса баромад мекунам. Бевосита ба президент Макрон муроҷиат намудам. Кишварҳои ғарбиро ҳушдор додам, ки агар интизор бимонанд, оташи ҷанг дар Осиёи Марказӣ бадтар аз Афғонистон хоҳад буд", - илова намуд ӯ.
Сиёсатмадори фирории муқими Фаронса феълан аз тарси таъқиб аз ҷониби мақомоти Қазоқистон ба кишварҳои дигар сафар намекунад.
Оё дар Қазоқистон боз нооромӣ мешавад? Посухи дабири кулли СААД
Дар Қазоқистон додгоҳ ӯро дар ташкили созмони ҷиноӣ, дуздии маблағҳои БТА бонк гунаҳкор донистааст, ки зарари расонда беш аз 7,5 миллиард долларро ташкил медиҳад. Ҳаракати сабтиномнашудаи "Интихоби демократии Қазоқистон" дар ин кишвар экстремистӣ эълон шудааст. Соли 2019-ум бонкдори фирорӣ ташаббускори эътирозҳои оммавӣ дар рӯзи интихоботи президентӣ буд.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзҳои аввали соли равон ҳамоишҳои эътирозӣ алайҳи болоравии нархи газ дар Қазоиқистон рух дода, баъдан ба бетартибиҳои оммавӣ печиданд, ки садҳо куштаю маҷруҳ бар ҷой гузоштанд.