ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Дар Алмаато зимни бетартибиҳои оммавӣ 149 шаҳрванди мулкӣ ва 11 корманди мақомоти қудратӣ кушта шуданд, хабар дод Канат Таймердов, сардори пулиси шаҳр.
"Ёздаҳ корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 149 шаҳрванди мулкӣ", - изҳор дошт сардори пулис зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суол дар мавриди қурбониёни бетартибиҳои охир.
Ёдовар мешавем, эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон рӯзҳои аввали соли 2022 оғоз шуда буданд. Сокинони шаҳрҳои Жанаозен ва Актау дар ғарби ин кишвар бинобар гарон шудани нархи гази моеъ ба кӯчаҳо рехтанд.
Баъдтар ин гуна эътирозҳо ба дигар шаҳрҳо, аз ҷумла Алмаато, пойтахти куҳна ва калонтарин шаҳри Қазоқистон паҳн шуданд. Дар муддати кӯтоҳе даҳҳо иншоот сӯзонда ва ғорат шуданд.
Раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев хисороти ин ноамниҳоро 2-3 миллиард доллар эълон кард. Дар
Ҳукумати ин кишвар дар посух ба ҳамаи бетартибиҳо то 19 январ дар сартосари Қазоқистон вазъияти изтирорӣ эълон кард ва амалиёти зиддитеррористӣ оғоз намуд.
Ҳоло вазъият дар Қазоқистон муътадил аст ва аксари корхонаву муассисаҳо ба кор шуруъ кардаанд.