ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Бозии мунтахабҳои Тоҷикистону Гурҷистон дар шаҳри Тифлис бо ҳисоби 2:6 ба фоидаи тими мизбон анҷом ёфт.
Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯяд, нимаи аввали бозӣ мусовӣ бо ҳисоби 2:2 ба поён расид, аммо дар даври дуюм дастаи мизбон ба дарвозаи меҳмонон чор голи беҷавоби дигар ворид намуд. Голҳои ҷониби Тоҷикистонро Умед Кузиев ва Бахтиёр Солиев ба ҳадаф расонданд.
Манбаъ таъкид намуд, ки шоми 16 январ бозии ҷавобӣ миёни мунтахабҳои Тоҷкиистону Гурҷистон дар назар аст, ки соати 19:00 бо вақти Душанбе оғоз мегардад.
Барои тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов бозӣ бо дастаи Гурҷистон яке аз марҳилаҳои тайёрӣ барои бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё - 2022 мебошад. Тоҷикистон дар гурӯҳи "В" қувваозмоӣ мекунад. Рақибонаш дар ин гурӯҳ дастаҳои Ӯзбекистон, Афғонистон ва Непал мебошанд. Интизор меравад, ки марҳилаи интихобӣ аз 10 то 12 апрел дар шаҳри Бишкек баргузор шавад.
Ба тими мунтахаби футзалбозҳои Тоҷикистон дарвозабонҳо Фирӯз Бозмамадов аз тими "Истиқлол" ва Хушбахт Исоев аз "Соро компания" ворид гардидаанд.
Инчунин Тоҷикистонро бозигарон Файзалӣ Сардоров, Мухаммаҷон Шарипов, Бахтиёр Солиев, Идрис Ёров, Муҳаммад Раҷабов – аз "Соро компания", Умед Кузиев, Парвиз Раҳматов, Собирҷон Гуляков аз "Сипар", Рустам Ҳамидов аз "Окжетпес"-и Қазоқистон, Самандар Ризомов, Абдуқаюм Умаров, Нусратшо Исмоилов аз "Истиқлол" ва Дилшод Саломов аз "Рахш-Такси" намояндагӣ мекунанд.