"Маскав дигар наметавонад таҳаммул кунад": Песков аз вуруди НАТО ба Украина гуфт

Русия дигар наметавонад вуруди мунтазами НАТО-ро ба Украина таҳаммул созад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия мегӯяд, ин кишвар дохил шудани мунтазами НАТО ба Украинаро мушоҳида дорад.
Русия наметавонад вуруди НАТО-ро ба Украина дигар таҳаммул намояд, гуфт Песков дар суҳбат бо шабакаи телевизиони CNN.

"Вуруди НАТО-ро ба Украина бо инфрасохтори худ, захираҳои мудофиавӣ ва ҳамлаӣ, тамрини низомиёни украинӣ ва амсоли инро мушоҳида дорем", - гуфт Песков.

Ӯ ин нуктаро дар посух ба суол дар мавриди дидгоҳи Маскав ба вазъият атрофи Украина баён дошт.

Ба гуфтаи сухангӯи Кремл, чунин раванди ҳаводис муносиботи Русия ва НАТО-ро ба "хатти қирмиз" наздик овард ва Маскав "дигар наметавонад инро таҳаммул намояд".
Песков афзуд, ки маҳз ба ҳамин далел Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар хитоб ба Ғарб аз таҳдиди воқеӣ ба амнияти кишвар гуфт.
Вай зикр намуд, ки замони якҷояшавии Олмон, ИМА ваъда дод, ки НАТО ба сӯи шарқ васеъ намешавад, аммо ин нукта аз нигоҳи ҳуқуқӣ таҳия нашуда буду кафолатҳои ҳуқуқӣ надошт.
Лавров: Ғарб косаи сабри Русияро лабрез кард
Песков изҳор доштаст, ки Русия муҳим медонад, ки нерӯҳояшро дар марҳилаи мураккаб дар наздикии Украина нигоҳ дорад.
Қаблан Маскав лоиҳаи созишномаҳо бо ИМА ва кишварҳои узви НАТО-ро пешниҳод карда буд.
Дар ин тарҳҳо бандҳои марбути кафолати тарафайни амниятӣ дар Аврупо, ҷой надодани мушакҳои миёна ва кутоҳпарвоз дар фосилаи дастрасӣ ба қаламрави ҳамдигар, худдорӣ аз васеъ кардани эътилоф, аз ҷумла аз ҳисоби кишварҳои пасошӯравӣ матраҳ шудаанд.
Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО зимни шарҳи пешниҳодҳои Маскав дар мавриди густариш наёфтани ин эътилоф изҳор дошт, ки ҳар кишвар бояд ҳаққи мустақили интихоб дошта бошад, ки мехоҳад ба ин иттиҳоди низомӣ ворид шавад ва ё на.