ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Дабири кулли СААД авҷи нави нооромиҳо дар Қазоқистонро аз эҳтимол дур медонад.
Станислав Зас дар суҳбат бо RT гуфт, вазъ дар Қазоқистон феълан зери назорат гирифта шудааст.
"Ман ҳоҷати суҳбат дар бораи реванш ё авҷи нави нооромиҳоро намебинам. Боварӣ дорам, ки ин амалан ғайриимкон мебошад, чун вазъ комилан зери назорат мебошад", - изҳор дошт Зас.
Ӯ афзуд, ки ҳозир кори бузурге барои муайян сохтани ҷузъиёти ин ҳодиса ва ҳамаи иштирокдорон рафта истодааст.
"Мувофиқан чораҳои дахлдор дар доираи қонуни Қазоқистон қабул мешаванд. Албатта ҳама аз ин ҳаводис барои худ хулосае бароварданд - на танҳо мардуми Қазоқистон, балки роҳбарияти ин кишвар низ", - илова намуд ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки эътирозоти оммавӣ дар Қазоқистон рӯзҳои аввали соли равон дар пасманзари ду баробар боло рафтани нархи газ сар зада, аз ҷумла шаҳри Алмаато, пойтахти пешинаи кишварро фаро гирифтанд. Дар посух роҳбарияти кишвар то 19 январ ҳолати фавқулодда эълон намуд, то тартиботу волоияти қонун таъмин гардад.
Ба гузориши СММ дар ҷараёни эътирозот дар Қазоқистон ҳудуди 1 ҳазор нафар маҷруҳ гардиданд. Ба иттилои мақомоти умури дохилии Қазоқистон 17 намояндаи мақомоти қудратӣ ба ҳалокат расида, беш аз 1,3 ҳазор нафар осеб диданд.