ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Ораш Алоӣ аз суди ҳамаи ваксинаҳои сабтшуда гуфта, мардумро ба эмкунӣ даъват намудааст ва таъкид кардааст, ки бахусус кӯдаконро аз штамми нав омикрон бояд эҳтиёт намуд.
Пизишк аз тоҷикистониён даъват намуд, ки ба худдармонӣ даст назананд, менависад АМИТ "Ховар".
"Илм собит кардааст, ки тамоми ваксинаҳо муфиданд ва оризаҳояшон бисёр кам ҳастанд. Ба ин хотир тавсияи ҳатмӣ медиҳам, аз ҳамаи ваксинаҳое, ки дастрас ҳастанд, ҳамагӣ истифода кунед, ғайри онҳое, ки ҳоли ҳозир бемор бошанд", - гуфтааст ин пизишк.
Алоӣ ҳамчунин гуфтааст, бояд гирифторони бемориҳои музмин, мисоли гирифторони маризиҳои дил, диабет ё гурда ҳам бояд ваксина гиранд.
"Онҳо бемориҳои музмин доранд ва ҳатман бояд дар марҳилаи аввал ваксина зананд. Шахсоне, ки ваксина гирифтаанд, метавонанд ба намуди нав сироят ёбанд, вале онҳо бемориро бисёр мулоим паси сар мекунанд", - шарҳ додааст ин пизишки эронӣ.
Ба гуфти Алоӣ, ҳангоми ба беморӣ гирифтор шудан бе тавсияи духтур, худсарона дору истеъмол кардан бар зарари кор аст ва барои эҳтиёт бояд ҳавои хона ва утоқи кориро тоза нигоҳ дошта, ду ниқоб пӯшид.
Ҳамчунин пизишк мегӯяд, бояд кӯдаконро бештар аз ин навъи коронавирус эҳтиёт кард, чун онҳо ваксина нагирифтаанд ва интиқолдиҳандаи беморӣ мебошанд.
"Бояд бештар аз кӯдакон эҳтиёт намоем, зеро яке аз манбаъҳои паҳншавии вирус маҳз онҳо мебошанд. Кӯдакон ваксина нагирифтаанд. Нишонаҳои ин вирус дар онҳо монанди сармохӯрдагӣ ё зуком ба назар мерасад", - гуфтааст Алоӣ.
Пизишки эронӣ ҳамчунин гуфт, зимни ҳувайдо шудани нишонаҳои беморӣ бояд дар хона карантин шуд ва алоқаро бо атрофиён қатъ намуд.
"Ду ниқоб бандеду агар ваксина нагирифта бошед, ҳатман моякубӣ кунед. Ҳар шахсе, ки гулӯдард, бемадорӣ, ҳарорати баланд ё сулфа дошта бошад, на камтар аз 10 рӯз дар хона бимонад ва алоқаашро бо дигарон кам кунад",- таъкид намудааст табиб.
Маҷнун Орипов, муовини сардори Хадамоти санитарию эпидемиологии вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳоло аз ҳар нафари воридшаванда аз Ӯзбекистон гирифтани ПСР-тести коронавирус ҳатмӣ шудааст.
"Ҳоло дар гузаргоҳҳои наздисарҳадии Патари шаҳри Конибодом, Фотеҳободи ноҳияи Мастчоҳ, Саразми шаҳри Панҷакент, инчунин Фурудгоҳи байнулмиллалии Хуҷанд навбатдории шабонарӯзии кормандони беҳдоштӣ ташкил шуда, ташхиси тиббии ҳар нафаре, ки ворид мешавад, ҳатмӣ мебошад”, - афзуд ӯ.
Орипов таъкид намуд, ки ба ҷуз аз ин ба ҳамаи шаҳрвандони воридшаванда дастури қатъӣ дода мешавад, то барои пешгирӣ ва паҳншавии ин беморӣ ҳудуди 14 шабонарӯз дар шароити хона карантин шаванд.
Ёдовар мешавем, навъи нави коронавируси омикрон ҳоло ба ҳамсокишварҳои Тоҷикистон - Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон роҳ ёфтааст.
Ҳолатҳои сироятёбӣ дар ин кишварҳо ба ҳадди боло расида, назорат низ шадидтар шудааст.