ДУШАНБЕ, 14 янв – Sputnik. Дар Тоҷикистон сокини вилояти Бодканд, ки дар марз боздошт гардида буд, даргузаштааст, иттилоъ дод хабаргузории "24.kg".
Ба иттилои расонаҳои Қирғизистон, мақомоти умури хориҷии ин кишвар даргузашти шаҳрвандашонро дар боздоштгоҳи Тоҷикистон таъйид кардаанд. Манбаъ афзуд, Вазорати умури хориҷии Қирғизистон аз ҷониби Тоҷикистон таҳқиқи мунсифонаи марги марҳумро талаб кардааст.
Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ин қазияро шарҳ надодаанд.
Гуфта мешавад, ин сокини 69-солаи ноҳияи Бодканд ба иттиҳоми нақзи ғайриқонунии марзи давлатии Тоҷикистон ба ду соли зиндон маҳкум шуда будааст.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки ҳудуди 520 километри он аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз дақиқ муайян нашудааст. Номуайянӣ дар марз боиси муноқиша мегардад, ки баъзан бо тирпаронӣ ва боздошти шаҳрвандони ҷонибҳо меанҷомад.
Ахиран Тоҷикистон як шаҳрвандони Қирғизистонро, ки бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз боздошт шуда буд, аз банд раҳо кард.
Як шаҳрванди 30-солаи Қирғизистон, ки моҳи ноябр дар Тоҷикистон боздошт гардида буд, 10-уми январ аз тариқи гузаргоҳи Кулунду-Автодорожний ба Ватанаш баргардонда шуд.
Инчунин марзбонҳои тоҷик ба ҳамтоёни қирғизашон се шаҳрванди ин кишварро баргардонданд, ки яке аз онҳо 1 ноябр ва дутои дигар, ки зан буданд, 12 ноябр боздошт гардида буданд.