Расонаҳо: Ҳабиб Нурмуҳаммадов гирифтори коронавирус шуд

Гирифтори коронавирус шудани варзишкори 33-сола Ҳабиб Нурмуҳаммадов таъйид шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 янв – Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории “Asian" MMA, размикори машҳури Русия Ҳабиб Нурмуҳаммедов гирифтори коронавирус шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, варзишкори муҳорибаҳои омехта Ҳабиб Нурмуҳаммедов ҳоло дар қаламрави Русия нест.
Ӯ дар яке аз меҳмонхонаҳои Сингапур аст, ки дар даври қарантина ҳамон ҷо хоҳад монд.
Ҳабиб аз афғонҳо пӯзиш хост - видео
Ёдовар мешавем, моҳи октябри соли 2020 размикориӯ доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов, пас аз пирӯз шудан бар ҳамтои амрикоии худ Ҷастин Гейҷӣ тарки размикорӣ кард.
Ба ҳамин минвол Ҳабиб дар фаъолияти варзишии худ 29 набард наҷом додааст, ки боре ҳам мағлубият нашудааст.