ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Дар бораи ин таъйиноти кадрӣ аз Маркази пешгирӣ ва мубориза бо бемории ВНМО дар вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Муъмин Ҷӯраев, мудири шуъбаи вогиршиносии ин марказ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Абдуллозода ду рӯз пеш корро дар вазифаи нав шуруъ намудааст.
"Рӯзи сешанбеи 11 январ дар як ҷаласае бо иштироки масъулони Раёсати тандурустии Суғд Абдуллозода Абдумавлон Абдумаҷидович, ба унвони мудири нави Маркази пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО муаррифӣ шуд”, - гуфт Ҷӯраев.
Абдуллозода дар ин мақом ҷойгузини Ҳошим Раҳимов шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, Ҳошимов ҳоло муовини мудири Макрази пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО дар Суғд таъйин шудааст.
Абдуллозода тӯли ҳашт моҳи ахир муовини сардори Маркази беҳдоштии Суғд ва қаблан сардори ин марказ буд.
Дар гузашта ӯ минҳайси сартабиби Маркази саломатии шаҳрии № 4 ва ҳам сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд фаъолият намудааст.