ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Валентина Казакова, сардори Раёсати умури муҳоҷиратии Вазорати дохилаи Русия гуфт, таҷрибаи Русия иҷозат медиҳад, дар сурати вуруд ҷамъии паноҷӯён иқдомот лозим барои риояи қавонини байналмилалӣ анҷом диҳанд.
Сардори ин раёсат ҳамчунин афзуд, то 1 октябри соли 2021 880 шаҳрванди Афғонистон дар Русия паноҳ бурдааст.
Ба гуфтаи вай, дар се соли ахир беш аз 1800 нафар аз афғонистониҳо аз Вазорати умури дохилӣ дархости паноҳандагӣ кардаанд.
Дар ҳамин ҳол шумори умумии шаҳрвандони хориҷие, ки аз Русия дархости паноҳандагӣ карданд, аз 19 ҳазор нафар бештар аст.
"Дар тӯли ин солҳо Афғонистон ба таври анъанавӣ яке аз се кишваре ба ҳисоб мерафт, ки шаҳрвандонаш аксаран аз Русия дархости паноҳандагӣ мекарданд, аммо шаҳрвандони Афғонистон муҳоҷират ба Русияро авлавият намедиҳанд", - қайд кард Казакова.
Ба гуфтаи вай, шаҳрвандони хориҷӣ, ки гуреза дониста мешаванд ва ё паноҳгоҳи муваққатӣ мегиранд, ҳақ доранд, дар марказҳои зисти муваққатӣ дар қаламрави Русия зиндагӣ кунанд. Раиси Раёсати муҳоҷират ҳамчунин гуфт, Русия парвозҳоеро барои тахлияи шаҳрвандони Русия ва хориҷӣ аз Афғонистон ташкил кардааст.
"Русия барои бозгардонидани шаҳрвандонаш ва ҳамчунин шаҳрвандони хориҷие, ки мехоҳанд Афғонистонро тарк кунанд, парвозҳои вижа ташкил кард, ки то ҳол ҳудуди 700 нафарро тахлия карданд ва 225 нафари онҳо шаҳрванди Афғонистон мебошанд", - илова кард хонум Казакова.