Мавзуна Чориева мудири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шуд

Таджикская спортсменка Мавзуна Чориева
Интихоби Мавзуна Чориева ба ин вазифа бо тавсияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар ҷиҳати риояи баробарии гендерӣ дар сатҳи роҳбарияти КМОТ сурат гирифтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 ва қаҳрамонии ҷаҳон, қаҳрамони бокси Осиё Мавзуна Чориева мудири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шуд.
Дар ин бора дафтари матбуотии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, интихоби Мавзуна Чориева ба ин вазифа дар ҷаласаи ахири Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Мавзуна Чориева аз соли 2017 то 2021 дар вазифаи мудири шуъбаи варзиш ва омодагӣ ба бозиҳои олимпии КМО Тоҷикистон фаъолият мекард.

Гуфта мешавад, ҷаласа таҳти раёсати ноиби президенти кумита Раҳмонзода Абдулло баргузор гаштааст.
Зебинисо Рустамова чемпионка мира по стрельба из лука на летних Олимпийских играх 1976
Истиқболи Рустамова аз таъйиноти кадрӣ дар бахши варзиш
Гуфта мешавад, дар ҷаласа ҳамчунин сохтори кумита тасдиқ ва масъалаҳои дигари корӣ баррасӣ гардиданд.