Пас аз ошӯбҳои густурда дар Қазоқистон қароргоҳи раисҷумҳур дар Алмаато ба як харобазор табдил ёфт.
Видеои қароргоҳи тахрибшудаи президент ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт. Дар он толорҳое сабт шудаанд, ки дар гузашта қарорҳои тақдирсоз барои кишвар дар дохили он қабул мешуданд. Ҳоло ин толорҳо вайрону валонгоранд. Тирезаҳои шикаста, лавозими корӣ ҳама сӯхтаву вожгунанд.
Гирду атрофи қароргоҳ назар ба дохили толорҳо бештар дилгиркунанда аст. Даҳҳо мошин, ки бар асари сӯхтор корношоям гардидаанд, атрофи қароргоҳи президент парешонанд.
Тазоҳурот дар Қазоқистон бо гирдиҳамоӣ оғоз шуд: садҳо нафар дар шаҳрҳои мухталифи кишвар ба далели болоравии қимати газ ба кӯчаҳо рехтанд. Мақомот талаби онҳоро иҷро карда, арзиши сӯзишвориро коҳиш доданд, аммо тазоҳуркунандагон таҷаммуотро хотима надоданд.
Иншооти зиёд дар Қазоқистон сӯхта шуда, марказҳои бузуги савдо мавриди ғоратгарӣ қарор гирифтанд.
Ҳоло бо кумаки нерӯҳои сулҳовари СААД вазъият ором шудааст ва корҳои барқарорсозӣ идома доранд.