Теҳрон мавзуъҳои асосии мулоқоти Раисӣ ва Путинро эълон кард

Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури Эрон ояндаи наздик аз Маскав боздид ва бо президенти Русия Владимир Путин мулоқот мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Созишҳои молӣ ва тиҷорат миёни Эрону Русия аз мавзуъҳои меҳварии мулоқоти роҳбарони ду кишвар хоҳад буд.
Дар ин бора Комбизи Миркаримӣ, ноиби раиси Палатаи муштараки тиҷории Русия ва Эрон дар суҳбат бо Хабаргузории ҷумҳурии исломӣ (IRNA) иттилоъ дода, таъкид намудааст, ки сафари қарибулвуқуи Раисӣ ба Маскав бисёр муҳим мебошад.

"Яке аз бартариҳои ин сафар музокироти сатҳи олӣ дар мавриди муносиботи тиҷорию молӣ мебошад", - изҳор дошт мақомдори эронӣ.

Миркаримӣ таъкид намудааст, ки маҳз дар сатҳи олӣ баргузор шудани гуфтушунидҳо самараи хубе барои рушди муносиботи миёни ду кишвар хоҳад дод.
Интизор меравад, Раисӣ рӯзҳои наздик аз Маскав боздид кунаду бо ҳамтои русаш Владимир Путин мулоқот намояд.
170 санади ҳамкорӣ – ҳосили сӣ соли равобити Тоҷикистону Эрон
Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия дар мавриди сафари президенти Эрон ба Маскав изҳор дошт, ки воқеан барои ин боздид Маскав омодагӣ мегирад. Дар посух ба суоли "оё ин сафар моҳи январ баргузор мешавад?", Песков гуфт, таърихи баргузории ин дидор ва дигар мушаххасоти он баъдан пешниҳоди расонаҳо хоҳад шуд.