ДУШАНБЕ, 12 янв – Sputnik. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт се гурӯҳи одамонро номбар кард, ки сирояти штамми омикрон барои онҳо марговар аст.
Ба гуфтаи коршиносон, навъи нави коронавирус махсусан барои пиронсолон, нафарони ваксиннашуда ва беморони дорои касалиҳои мармуз хатарнок аст.
"Хатари марг аз сирояти омикрон бо синну сол зиёд мешавад. Мо инчунин далелҳо дорем, ки нафарони гирифтори ҳатто як маризии мармуз хатари рӯёрӯии бештар бо маргро доранд", - шарҳ дод Мария Ван Керхове, намояндаи СҶБ.
Ин созмонн тасдиқ кард, ки ҳарчанд омикрон дар шакли камтар вазнин ҷарён мегирад, вале дар сартосари ҷаҳон садҳо ҳазор нафар, ки гирифтори ин навъ коронавирус шудаанд, бистарии беморхона мебошанд.
Қаблан мутахассисони ин созмон изҳор карда буданд, ки барои маҳдуд кардани паҳншавии вируси нав бояд ваксина алайҳи он такмил шавад.
Дар Русия авҷи гирифторӣ ба омикрон дар моҳи феврал дар назар аст.
Ба гуфтаи муовини раиси Маркази Гамалея Денис Логунов, дар кишварҳое, ки аллакай ин навъи вирус паҳн шудааст, шумораи мушкилиҳои ҷиддӣ ва марг аз штамми нав коҳиш ёфтааст.