ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Вакили палатаи поёнии парлумони Қазоқистон, духтари калонии раисҷумҳури собиқи ин кишвар Дариға Назарбоева рӯзи 12-уми январ ба далели беморӣ ба ҷаласаи иҷлосияи порлумонӣ ҳозир нашуд. Дар ин бора дафтари матбуотии парлумони ин кишвар хабар додааст.
"Ӯ мисли дигар ҳамкасбонаш дар рухсатии табобатӣ аст, ки онҳо низ дар ҷаласа нестанд", - гуфтанд аз маҷлис дар посух ба суоли ин ки "Назарбоева рӯзи чаҳоршанбе дар ҷаласаи палата ҳузур дошт ё на?".
Дариға Назарбоева аз моҳи январи соли 2021 узви Кумитаи ислоҳоти иқтисодӣ ва рушди минтақаии палатаи поёнии парлумони Қазоқистон аст.
Ӯ то моҳи майи соли 2020 раиси Сенати парлумони ин кишвар буд ва ҳоло Бунёди Нурсултон Назарбоевро раҳбарӣ мекунад.
Ба гуфтаи вай, Назарбоева дар ҳоли ҳозир "дар хонааш дар Алмаато" аст, ки дар он ҷо аз бемории коронавирус муолиҷа мешавад. "Сатҳи гирифтории ковид миёна аст", - гуфт дафтари матбуотии парлумони Қазоқистон.
Дар ҷараёни тазоҳуроти эътирозӣ дар Қазоқистон раисҷумҳури собиқи ин кишвар Нурсултон Назарбоев низ эҳтимолан ба иллати беморӣ ба назди мардум ҳозир нашуд.
Аммо қаблан дар расонаҳо иттилоъе пайдо шуда буд, ки Назарбоев дар пайи эътирозҳо дар Қазоқистон бо духтаронаш ин кишварро тарк кардааст.
Ба гуфтаи сардабири нашрияи "Orda" Гулнора Бажкенова, танҳо бародари калонии элбасӣ Болат дар кишвар мондааст. Рӯзноманигорон тахмин мезананд, ки Назарбоев барои табобат рафтааст, аммо ин маълумот таъйиднашуда боқӣ мемонад.
Баъдан намояндагони ВАО барои нашри хабари носаҳеҳ узр хоста, тавзеҳ додаанд, ки ҳар як ҳавопаймои тиҷории берун аз қаламрави Қазоқистон парвозкунанда дар кишвар ҳамчун як ҳавопаймое қабул мешавад, ки Назарбоев дар он метавонад парвоз кунад.
Ҳамзамон чандин тоҷири бузург аллакай Қазоқистонро тарк кардаанд.
Вазъиятро котиби матбуотии Назарбоев Айдос Укибой шарҳ додааст. Ба гуфтаи вай, раисҷумҳури собиқ дар пойтахти Қазоқистон қарор дорад ва бо президенти ин кишвар Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар тамос аст.
Ҳамзамон Укибой аз рӯзноманигорон хостааст, ки маълумоти шубҳанок нашр накунанд.