ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ноуҳдабароии ронандаи "Опел" боиси сар задани садамаи маргбор дар роҳи Душанбе - Кӯлоб шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ин ҳодиса рӯзи 11-уми январи соли 2022, тахминан соатҳои 19:00 рух додааст.
Мақомот тавзеҳ доданд, ки ронандаи "Опел-Астра", сокини 54-солаи ноҳияи Фархор ҳангоми ҳаракат аз пойтахт ба самти Кӯлоб воситаи нақлиётро идора карда натавониста, ба самти муқобили ҳаракат баромадааст.
ВУД афзуд, дар натиҷа "Опел" бо мошини "Мерседес-Бенс", ки таҳти идораи ронандаи 61-сола, сокини шаҳри Хуҷанд қарор доштаст, бархӯрдааст. Дар пайи ин садама ронандаи "Опел" дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мақомот мегӯянд, феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.
Ахиран Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар пайи ба ҷарии 80-метрӣ сарозер шудани "Опел" дар роҳи Ваҳдат - Рашт ва марги ду бонуи 49 ва 67-сола аз ронандаҳо хост, бештар эҳтиёт кунанд.
КҲФ таъкид намудааст, боло бурдани суръати ҳаракат дар минтақаҳои кӯҳӣ, бахусус дар фасли зимистон, ки дар роҳҳо барф, ях ва туман мебошад, хатар дорад.
Мақомоти умури дохилии Душанбе идораи мошин бе ҳуҷҷати ронандагӣ, бо суръати баланд ва дар ҳолати мастиро аз дағалтарин қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ хонданд, ки бо фоҷиа меанҷоманд.