Онҳо мегӯянд ин вазъ онҳоро маҷбур ба гадоӣ дар хиёбонҳои ин вилояти кӯҳистонии Афғонистон кардааст.
Барои ошноии бештар ба вазъи кунунии ин вилоят видеои Sputnik-ро тамошо кунед.
Ёдовар мешавем, ахиран Созмони Миллали Муттаҳид аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват намуд, ки ба Афғонистон кумаки фаврӣ расонанд, вагарна шаҳрвандони ин ҷумҳурӣ бидуни кумак зинда намемонанд.
Хадамоти матбуотии созмони мазкур мегӯяд, имсол бояд ба кишвари ҷангзадаи Афғонистон 4,4 миллиард доллар ихтисос дода шавад. Ин маблағ барои 22 миллион шаҳрванди дохили Афғонистон ва ҳамчунин 5,7 миллион афғонистониҳое, ки берун аз Ватан қарор доранд, масраф мешавад.
Манбаъ меафзояд, ба 23 миллион нафар хатари гуруснагӣ таҳдид мекунад.
"Беморхонаҳо аз кӯдакони беҳолу бемадор пур шудаанд, муаллимон маош намегиранд, миллионҳо кӯдак аз имконияти таҳсил маҳрум шудааст", - омадааст дар хабар.
СММ ҳамзамон аз гаронии нархи озуқаворӣ ва маводи сӯхт изҳори нигаронӣ намудааст.
"Аз сабабе ки кумакҳои байналмилалӣ баста шудаанд, низоми хидматрасониҳои иҷтимоӣ дар пеши назар аз байн меравад. Бе дастгирӣ аҳолии Афғонистон наметавонад зинда бимонад", - гуфта мешавад дар ин изҳорот.
Дар нимаҳои сол, тавре СММ огоҳ мекунад, Афғонистон метавонад ба кишвари саросар камбизоат мубаддал гардад.