Зеленский омодагӣ ба музокирот барои қатъи даргирии Донбассро баён дошт

Президенти Украина омодагии Киевро ба гуфтушунидҳо барои қатъи мухолифат дар минтақаи Донбасс баён дошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Вақти он фаро расидааст, ки барои коҳиши ҳадафмандонаи ташаннуҷ дар Донбасс созиш шавад, изҳор дошт президенти Украина Владимир Зеленский.

"Мо барои қабули қарорҳои зарурӣ дар мулоқоти нави роҳбарони кишварҳои чоргона омодаем", - хабар дод дафтари матбуотии президенти Украина аз қавли Зеленский.

Маврид ба зикр аст, ки дар Киев мулоқоти Зеленский бо мушовирони роҳбарони Фаронса ва Олмон баргузор шуд. Ҷонибҳо барои идомаи тамос мувофиқа карданд.
Мухолифатҳо дар шарқи Украина беш аз 7,5 соли охир идома доранд, ки ба иттилои СММ, зиёда аз 13 ҳазор нафар қурбонӣ бар ҷой гузоштаанд.
Вазъият доғтар мешавад: Дар ҶХЛ аз ҷамъшавии нерӯҳои украинӣ дар хатти тамос гуфтанд
Роҳҳои ҳалли ин мушкилро "Чоргонаи нормандӣ" баррасӣ дорад, ки аз Русия, Украина, Олмон ва Фаронса иборат мебошад. Солҳои 2015-2016 тарафҳо сари аломатгузорӣ созиш карданду дар шаҳри Минск созишнома ба имзо расид. Дар мулоқоти ахири сарони кишварҳои узв, ки дар Порис моҳи декабри соли 2019 баргузор гашт, қарор шуд, ки созишномаи Минск заминаи асосӣ барои идомаи корҳо боқӣ монад.
Ин санад қатъи оташбас, қафо бурдани аслиҳаи вазнини ҷангӣ аз хатти баҳамоӣ ва гузарондани ислоҳоти конститутсиониро пешбинӣ мекунад.