Ӯзбекистон қоидаҳои вуруд барои шаҳрвандони Тоҷикистонро сангинтар кард

Аз 15 январи соли ҷорӣ шаҳрвандони Тоҷикистон барои ворид шудан ба қаламрави Ӯзбекистон бояд 48 соат пеш аз сафар аз санҷиши ПСР гузаранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Ӯзбекистон қоидаҳои вуруд ба ин кишварро барои шаҳрвандони хориҷӣ тағйир дод. Дар ин бора хадамоти матбуотии Вазортаи тандурустии ин кишвар хабар медиҳад.
Ҳамин тавр аз 15 январ ҳар нафаре, ки ба ин кишвар ворид мешавад, бояд натиҷаи ташхиси ПСР-ро 48 соат пеш аз сафар пешниҳод кунад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан санҷиши коронавирус бояд на дертар аз 72 соат гузаронида мешуд.
Қайд карда мешавад, ки дар сурати мавҷуд набудани шаҳодатномаи манфии ПСР барои коронавирус шаҳрвандони хориҷӣ бояд экспресс-тест супоранд.
Марказҳои санҷиш дар фурудгоҳҳо, вокзалҳо ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ ташкил шудаанд.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Қарантини 200 ӯзбекистоние, ки бо маризи омикрон аз Дубай омаданд
Чунин тағйир дар бастагӣ ба сабт шудани штамми нави коронавирус, омикрон роҳандозӣ дар Ӯзбакистон шудааст.
Қаблан хабар дода мешуд, ки навъи ҷадид коронавирус дар бадани як шаҳрванди хориҷӣ, ки аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба қаламрави Ӯзбекистон омадааст, сабт шудааст.
Ҳамаи мусофирон, ки ҳамроҳи бемор парвоз карда буданд, карантин - 130 шаҳрванди Ӯзбекистон хонашин шуданду 70 хориҷӣ дар меҳмонхонаҳо ҷо ба ҷо гаштанд.
Штамми омикрон ба Ӯзбекистон роҳ ёфт
Бояд қайд кард, дар Ӯзбекистон ваксинзании бепул роҳандозӣ шудааст.
Шаҳрвандони ин ҷумҳурӣ метавонанд бо доруҳои зерин моякӯбӣ шаванд: ваксинаи таҳияи Ӯзбекистон - Чин - ZF-UZ-VAC 2001, "Спутник V"-и Русия, "AstraZeneca", "Moderna"-и амрикоӣ, ваксинаи амрикоӣ - олмионии "Pfizer/BioNTech" ва "CoronaVac"-и чинӣ.