Маълум шуд, ки кай нерӯҳои Тоҷикистон аз Қазоқистон хориҷ мешаванд

Раисҷумҳури Қазоқистон гуфт, хуруҷи нирӯҳои посдори сулҳи СПАД баъди ду рӯз оғоз мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Раванди хуруҷи нерӯҳои СПАД пас аз ду рӯз - 13 январ оғоз мешавад, гуфт президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев.

"Маъмурияти асосии нерӯҳои посдори сулҳи СААД муваффақ анҷом ёфт. Пас аз ду рӯз хуруҷи марҳалаии ҳайатҳои нерӯҳои посдори сулҳи СПАД оғоз мешавад. Раванди он на бештар аз даҳ рӯзро дар бар мегирад", - гуфт ӯ дар мулоқот бо аъзои парлумони кишвараш.

Тоқаев ҳафтаи гузашта дар пайи нооромиҳо дар Қазоқистон ба Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ муроҷиат кард.
Иттифоқчиён ба Қазоқистон нерӯҳои посдори сулҳ фиристоданд, ки вазифаҳои онҳо ҳифзи объектҳои давлатӣ, ҳарбиву иҷтимоӣ буд.
Эътирозҳои оммавӣ дар рӯзҳои аввали соли 2022 шуруъ шуда буданд, ки дар пайи норозигии сокинони шаҳрҳои Жанаозен ва Актау бинобар ду баробар боло рафтани нархи гази моеъ ба вуҷуд омаданд.
Қазоқистон ҳимояи нафташро ба нерӯҳои Тоҷикистон бовар кард
Ба дунболи он мардум дар шаҳрҳои дигар ба кӯчаҳо рехта, дар бархӯрд бо нерӯҳои амниятӣ қарор гирифтанд.
Рӯзи панҷуми январ Тоқаев ҳукуматро ба истеъфо равон кард ва дастур дод, ки нархи сӯзишворӣ танзим шавад, аммо нооромиҳо идома ёфтанд.
Ӯ ҳамчунин раёсати Шӯрои амниятро бар уҳда гирифта, ки дар нахустин ҷаласаи он вазъро "таҳқир ба якпорчагии давлат" номид.
Рӯзи ҳафтуми январ Тоқаев эълон кард, террористҳо, аз ҷумла онҳое, ки аз хориҷ омадаву муқовиматро идома медиҳанд, агар силоҳашонро ба замин нагузоранд, кушта мешаванд.
Тоқаев зиёни ошӯбҳо ба иқтисоди Қазоқистонро 2-3 миллиард доллар гуфт
Илова бар ин президент қайд кард, тамоми дархостҳои шаҳрвандон, ки дар шаклҳои осоишта баён шудаанд, баррасӣ хоҳанд шуд.
Мавриди зикр аст, ки ин даргироҳо фавтидаву захмиҳои зиёд дар пай доштанд.
Ҳамакнун вазъ дар ин кишвар ба ҳолати муқаррарӣ бармегардад, аммо то 19 январ дар саросари ин ҷумҳурӣ вазъияти фавқулодда эълон шудааст.