Тоҷикистон қирғизистонии боздоштшударо баргардонд

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, шаҳрвандашонро, ки дар Тоҷикистон боздошт гардида буд, ба Ватан баргардонданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Хадамоти марзбонии Қирғизистон тавзеҳ додааст, ки беш аз ду моҳи охир сокини вилояти Бодканд дар боздошт дар қаламрави Тоҷикистон қарор дошт.
Ба иттилои манбаъ, 1 ноябри соли 2022 дар роҳи Арка - Борбордуқи ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд аз ҷониби мақомоти тоҷик шаҳрванди 30-солаи Қирғизистон боздошт гардид.
Мақомоти марзбонӣ афзуданд, дар пайи чорабиниҳои андешидашуда шаҳрванди Қирғизистон 10-уми январ аз тариқи гузаргоҳи Кулунду-Автодорожний ба Ватан баргардонда шуд.
Бишкек гуфт, Тоҷикистон бидуни шарҳ 50 қирғизи зодаи Ҷиргатолро ихроҷ кардааст
Ин дар ҳолест, қаблан низ Тоҷикистон шаҳрвандони Қирғизистонро, ки бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз боздошт гардида буданд, ба Ватан баргардонда буд.
Аз ҷумла ахиран марзбонҳои тоҷик ба ҳамтоёни қирғизашон се шаҳрванди ин кишварро баргардонданд, ки яке аз онҳо 1 ноябр ва дуто дигар, ки зан буданд, 12 ноябр боздошт гардиданд.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки ҳудуди 520 километри он аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз дақиқ муайян нашудааст.