Генерал Миршакар гуфт, низомиёни тоҷик дар Қазоқистон кадом объектҳоро ҳимоя мекунанд

Маълум гардид, наздики сад тан аз низомиёни посдори сулҳ аз Тоҷикистон дар посгоҳи Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Алмаато ҳастанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Нерӯҳои сулҳбони тоҷик дар Қазоқистон дар посбонии Маркази барқу гармидиҳии Алмаато кумак мекунанд, хабар медиҳад РИА "Новости" аз қавли генерал-майор Миравар Хушбахт Миршакар, муовини аввали фармондеҳи Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон.
Ӯ гуфтааст, наздик ба сад низомии посдори сулҳ дар ҳимояи Маркази барқу гармидиҳии 1-и Алмаато саҳм мегиранд.

"Мо бояд ҳама кӯшишҳои ғайри қобили амал гардонидани ӯро рафъ кунем", - илова кардааст генерал-майор.

Баръакси Маркази барқу гармидиҳии 2-и азим, ки берун аз шаҳр воқеъ аст, Маркази барқу гармидиҳии 1 бо биноҳои шахсии шаҳрвандон иҳота шуда, 18-20% шаҳрро бо гармӣ ва 12%-ро бо нерӯи барқ ​​таъмин мекунад.
Вай ҳамчунин гуфтааст, дар амалияи нерӯҳои СПАД ин аввалин таҷрибаи ҳифзи объектҳои стратегӣ дар қаламрави як кишвари ҳамсоя аст.
"Мо инро бо шавқу ҳавас қабул кардем. Зеро мо аз таҷрибаи рӯйдодҳои худ медонем, ки нерӯҳои ҷумҳурии дӯсти Қазоқистон дар чунин вазъ дар қаламрави Тоҷикистон аз соли 1992 то 2002 ширкат кардааст", - гуфт Миршакар.
Маълум шуд, ки кай нерӯҳои Тоҷикистон аз Қазоқистон хориҷ мешаванд
Дар мавриди нерӯҳои посдори сулҳи тоҷикон бошад, гуфта мешавад, он дар нимаи солҳои 90-ум дар ҳайати нерӯҳои мусаллаҳи кишвар ташкил шудааст.
Ба гуфтаи Миршакар, имрӯз ин воҳид таҷрибаи ширкат дар машқҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро дорад.
Қаблан гуфта мешуд, ки қисме аз нерӯҳои посдори сулҳи Тоҷикистон анборҳои нафтиро дар Қазоқистон посбонӣ мекунанд.
Қазоқистон ҳимояи нафташро ба нерӯҳои Тоҷикистон бовар кард
Эътирозҳои оммавӣ дар рӯзҳои аввали соли 2022 шуруъ шуда буданд, ки дар пайи норозигии сокинони шаҳрҳои Жанаозен ва Актау бинобар ду баробар боло рафтани нархи гази моеъ ба вуҷуд омаданд.
Ба дунболи он мардум дар шаҳрҳои дигар ба кӯчаҳо рехта, дар бархӯрд бо нерӯҳои амниятӣ қарор гирифтанд.
Рӯзи панҷуми январ Тоқаев ҳукуматро ба истеъфо равон кард ва дастур дод, ки нархи сӯзишворӣ танзим шавад, аммо нооромиҳо идома ёфтанд.
Ӯ ҳамчунин раёсати Шӯрои амниятро бар уҳда гирифта, ки дар нахустин ҷаласаи он вазъро "таҳқир ба якпорчагии давлат" номид.
Тоқаев зиёни ошӯбҳо ба иқтисоди Қазоқистонро 2-3 миллиард доллар гуфт
Рӯзи ҳафтуми январ Тоқаев эълон кард, террористҳо, аз ҷумла онҳое, ки аз хориҷ омадаву муқовиматро идома медиҳанд, агар силоҳашонро ба замин нагузоранд, кушта мешаванд.
Илова бар ин президент қайд кард, тамоми дархостҳои шаҳрвандон, ки дар шаклҳои осоишта баён шудаанд, баррасӣ хоҳанд шуд.
Мавриди зикр аст, ки ин даргироҳо фавтидаву захмиҳои зиёд дар пай доштанд.
Ҳамакнун вазъ дар ин кишвар ба ҳолати муқаррарӣ бармегардад, аммо то 19 январ дар саросари ин ҷумҳурӣ вазъияти фавқулодда эълон шудааст.