Расонаҳо: Сафири Афғонистон дар Эрон ба Амрико фирор кард

Як манбаъ хабар додааст, ки сафири Афғонистон дар Эрон ба Амрико фирор кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Як манбаъ ба хабаргузории Sputnik Афғонистон иттилоъ додааст, ки Абдулғафур Ливол, сафири пешини Афғонистон ба Амрико рафтааст ва ҳоло муовини ӯ Абдулқаюм Сулаймонӣ ба унвони сарпарасти ин сафоратхона гумошта шудааст.
Гуфта мешавад, ки оқои Сулаймонӣ бародарзодаи Муҳаммад Исмоилхон, фармондеҳи ҷиҳодии ҳавзаи ҷанубу ғарби Афғонистон аст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ахиран хабар расид, сафири Афғонистон дар Чин эълон кардааст, ки аз симматаш канор рафтааст.
Ҷовид Аҳмадқоим, сафири Афғонистон дар Чин дар саҳифаи худ дар "Твиттер" навиштааст, ки аз мақоми сафириаш истеъфо додааст.
Ҷузъиёти дидори Муттақӣ бо Исмоилхон: Шери Ҳирот пешниҳоди толибонро мепазирад?
Вай гуфтааст, аз ин ки намояндаи ҷумҳурии исломӣ ва мардуми Афғонистон буда, ифтихор мекунад, аммо далоили корӣ ва шахс барои каноргириаш вуҷуд дорад.
Вай ҳамчунин гуфт, ки кормандони сафорат пас аз суқути ҳукумати қаблӣ дар рӯзи 15-уми август аз идомаи кор дар сафорат худдорӣ мекунанд.
Сафири Афғонистон ҳамчунин дар бораи вазъи молӣ ва маъмурии сафорат тавзеҳ дода ва гуфтааст, ки феълан дар ҳисоби сафорат ҳудуди 100 ҳазор доллари амрикоӣ мавҷуд аст.
Вай афзуд, дар сафорат панҷ мошини фаъол ва ду мошини куҳна ва нимфаъол низ мавҷуд аст.
Толибон: Амнияти минтақа ва Афғонистон аз баракати мост
Пас аз сари қудрат омадани толибон ҳеҷ кишваре онҳоро ба расмият нашинохт, ҳамчунин намояндагиҳои сиёсии Афғонистон дар хориҷ аз ин кишвар худро намояндаи ҳукумати қаблӣ ва мардуми Афғонистон медонанд.
Ахиран рӯзномаи “Foreign Policy” дар гузорише навиштааст, ки толибон пас аз як ҳафтаи истиқрор дар Кобул фарохонеро ба сафоратхонаҳои Афғонистон дар хориҷ ирсол карданд. Ба гуфтаи “Foreign Policy”, толибон аз ҳамон оғоз талош доштаанд, то бо 65 намояндагии сиёсии Афғонистон дар хориҷ вориди гуфтугӯ шаванд.
Ҳамчуниин бояд қайд кард, ки сафоратхонаҳои Афғонистон дар хориҷ низ бо мушкилоти молӣ рӯ ба рӯ ҳастанд.