ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Фазои нави сиёсӣ ва геополитикӣ пас аз ҳаводиси Қазоқистон метавонад ба вазъи дохилии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба вазъи иқтисодии Тоҷикистон таъсир расонад.
Ин мавқеъро сиёсатшиноси тоҷик, мудири шуъбаи таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти кишвар Зубайдулло Давлатов иброз доштааст.
Ба гуфтаи ӯ, ҳар гуна нооромӣ дар Қазоқистон метавонад ба кишварҳои ҳамсоя таъсири манфӣ гузорад, зеро ин ҷумҳурӣ аз лиҳози ҷуғрофӣ ва аз нигоҳи салоҳият хеле бонуфуз аст.
Фаъолияти ифротгароӣ ва террористӣ дар Қазоқистон вазъияти наверо ба вуҷуд овардааст, ки метавонад лоиҳаҳои зиёди рушди иқтисодии минтақаро халалдор созад.
"Ин вазъ равобити иқтисодии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро, ки дар натиҷаи талошҳои чандинсолаи дипломатҳо ба вуҷуд омадааст, зери суол мебарад ва метавонад дар иҷрои тарҳҳои рушди иқтисодӣ ва иртибот дар минтақа монеа шавад", - гуфт коршинос.
Илова бар ин Давлатов гуфт, ки то чӣ андоза масири транзитӣ аз Қазоқистон ба Русия ва Аврупо барои Тоҷикистон муҳим аст.
Сиёсатшинос қайд кард, ҳамлаҳои террористӣ дар Қазоқистон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ тақозо менамоянд, ки дар чаҳор бахши асосӣ: сиёсӣ, иқтисодӣ, иттилоотӣ ва амният чораҳои муассир андешанд.
Дар мавриди рушди иқтисодӣ, ба гуфтаи коршинос, Тоҷикистон бояд бо кишварҳои ҳамсоя, бахусус Қирғизистон равобит барқарор кунад.