ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Ожонси мубориза бо коррупсия аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки бо ин ниҳод ҳамкории зич намоянд, то шиддати ин зуҳуроти номатлуб дар Тоҷикистон коҳиш дода шавад.
Ба ин нукта дар матлаби роҳбарияти ин ниҳод, ки дар 10 январ - Рӯзи касбии кормандони мақомоти мубориза бо коррупсия дар сомонаи ожонсӣ нашр шуд, таъкид гардидааст.
Ожонси зидди фасод мегӯяд, муқовимат бо ин зуҳурот бояд ба монанди муборизаи дастаҷамъона бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷинояткорӣ амалӣ шавад.
Зикр гардидааст, ки дар мубориза бо коррупсия ғайр аз мақомоти давлатӣ ҳар як фарди ҷомеа низ бояд саҳмгузор бошад.
Барои вусъати мубориза бо коррупсия муҳим хонда шудааст, ки такрори функсияву ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ бартараф гардаду шаффофияти фаъолияти онҳо таъмин шавад.
Ба гузориши роҳбарияти ожонсӣ, ин ниҳод дар ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷаи давлатӣ, пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Илова шудааст, ки кормандони ин ниҳод минбаъд низ ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия аҳамияти махсус дода, муқовимати маҷмуиро дар ин бахш тақвият медиҳанд.
Ожонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон 10 январи соли 2007 таъсис дода шуда ва ҳоло аз ин рӯз ба унвони иди касбии кормандони ин бахш таҷлил мешавад.