Даргузашти Ҳокими Азиз, муалллифи "Суҳбати мардона"

Ҳокимбек Ҳомидов, маъруф ба Ҳокими Азиз, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик дар синни 62-солагӣ олами фониро падруд гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Ҳокими Азиз, ки аз худ осори зиёди маҳфуз дар "Хазинаи тилоӣ"-и радиои Тоҷикистонро боқӣ гузошт, солҳои охир аз фишорбаландию дарди қалб ранҷ мекашид.
Бобоҷони Шафеъ, яке аз ҳамкурсони Ҳокими Азиз, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, марҳум ба далели фишорбаландӣ маҷбур буд, солҳои охир дар шифохонаҳо бистарӣ шавад.

"Сактаи қалбӣ ҳам аз ин беморӣ гирифта буд. Охирин бор тақрибан моҳи сентябр дар шифохонаи "Советский" ду рӯз дар реаниматсия буд. Рӯзи 9-уми январ хабар доданд, ки ӯ дар манзилаш, дар Душанбе вафот кард”, - гуфт Бобоҷони Шафеъ.

Марҳум дар қабристони маҳаллаи 33-и шаҳри Душанбе ба хок супорида шуд.
Ҳокими Азиз 20 майи соли 1960 дар деҳаи Сағирдашти ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таввалуд ёфта, факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда буд.
Вай аз соли 1986 дар бахши радиои Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуда, аз хабарнигори одӣ то вазифаи сармуҳаррир иҷрои вазифа кардааст. Бахусус ӯ яке аз муҳаррирони варзида дар идораи барномаҳои адабию драмавӣ ба ҳисоб меравад, ки беш аз 30 силсилагуфтори "Дар суҳбати адиб"-аш дар "Хазинаи тиллоӣ"-и радиои Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад.
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Аз мотам дар оилаи президент то муллою табибон: ғам дар соли 2021 дари киро кӯфт?
Солҳои 1997- 2005 ӯ ба бахши телевизиони Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ба кор омада, муҳаррир, муовини сармуҳаррири идораи фарҳангу маънавиёт ва сармуҳаррири идораи барномаҳои мусиқӣ буд.
Марҳум муаллифи барномаи "Суҳбати мардона" (1997-2000) буд, ки дар масоили тафреҳӣ ва иҷтимоӣ хеле камназир ва мутафовит маҳсуб мешуд. Вай як мудат ба фаъолият дар матбуоти даврӣ гузашта, сармуҳаррири маҷаллаи "Маорифи Тоҷикистон"-и Вазорати маорифи кишвар низ буд.
Ӯ солҳои охир бо навиштани романҳояш машғул буд, ки як маҷмуаеро аз онҳо ба номи "Бо навои борон" нашр кардааст.