ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Сабаби сар задани сӯхтор дар яке аз калонтарин ва ҳамзамон гаронтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе маълум шуд.
ВУД бо нашри як хабар омили асосии сар задани сӯхтор дар тарабхонаи "Яккасарой"-ро тавзеҳ дод. Бинобар хабари манбаъ, беназорат гузоштани таҷҳизоти гармидиҳандаи барқӣ (кондитсионер) муҷиби оташсӯзӣ дар ин тарабхона гардидааст.
"Рафти санҷиш ва таҳқиқи ҳодисаи сӯхтор муайян кард, ки сабаби оташ гирифтани бинои тарабхона беназорат гузоштани таҷҳизоти гармидиҳандаи барқӣ (кондитсионер) мебошад", - омадааст дар хабари вазорат.
Манбаъ меафзояд, бар асари оташсӯзӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст ва наҷотбахшон тавонистанд ба маблағи 7 миллиону 650 ҳазор сомонӣ молу маҳсулотро эмин нигоҳ доранд.
Вазорат маблағи маҳсулоти наҷотёфтаро расонаӣ кард, вале нагуфт, ки хисороти ин ҳодисаи нохуш чӣ миқдор аст.
Ёдовар мешавем, сӯхтор дар тарабхонаи "Яккасарой" рӯзи ҳафтуми январ, тақриан соати 10:38 дақиқа сар зад.
Дар робита ба хомӯш кардани алангаи оташ ВКД менависад, ки ба маҳалли ҳодиса нақлиётҳои асосиву махсуси оташнишонӣ ва ҳайати шахсӣ сафарбар шуда, дар натиҷаи ташкил ва гузаронидани амалиёти фаврӣ сӯхтор бе паҳншавӣ ва дар масоҳати аввалааш ба пуррагӣ хомӯш карда шуд.
ВУД зикр намуд, ки таҳқиқи сӯхтор дар тарабхонаи мазкур аз ҷониби гурӯҳи корӣ идома дорад.