Азиза Мадинаро бо гиребони куртааш бӯғӣ кард: тафсилоти нави прокуратура

Прокуратураи генералии Тоҷикистон тафсилоти нави латукӯб ва марги Мадина Мамадҷоноваро расонаӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Дар қазияи латукӯб ва марги Мадина Мамадҷонова тафсилоти нав ифшо шуд. Прокуратураи генералии Тоҷкистон бо нашри як иттилоия ин қазияро аз аввал то охир тавзеҳ дод.
Ба иттилои манбаъ, Азиза Давлатова, ҳамсари Лутфулло Давлатов авоили соли 2020 аз муносибати наздики ҳамсараш бо Мадина Мамадҷонова огоҳӣ пайдо намуд ва барои мустаҳкам нигаҳ доштани оилаи худ муддати зиёд истодагарӣ кард.
Аммо вазъият пас аз он тағйир ёфт, ки мард бо дӯстдухтараш ақди никоҳ баст ва ният дошт, аз ҳамсари аввали худ ҷудо шавад.

"Аз ин ҳолат вазъи равонии ӯ бад шуда, дар ботинаш қасди аз ҳаёт маҳрум намудани Мамадҷонова пайдо шудааст", - омадааст дар хабари прокуратура.

Ҳодисаи нохуш дар рӯзи иттифоқ афтод, ки Азиза барои қайди рӯзи бастани ақди никоҳашон хӯрок омода намуд ва дар интизори шавҳараш буд.
Аммо чун ҳамсараш таклифи ӯро рад кард ва ба хона наомад, Азиза ба суроғаш рафт ва муайян намуд, ки ӯ дар хонаи Мадина қарор дорад.
Ба тавзеҳи прокуратура, Азиза барои муайян кардани муносибати шавҳараш бо Мамадҷонова аз ахирӣ хоҳиш кардааст, ки ҷойи кори шавҳараш рафта, мушкили дар зиндагониашон ба миёномадаро ҳал намоянд.
Аммо замоне ки онҳо ҳамроҳ ба ҷойи кори Давлятов расиданд ва ӯ ҳамсаронашро якҷоя дид, аз суҳбати муштарак саркашӣ кард.
Эълони ҳукми Парвиз Давлатов: Додгоҳ ӯро барои ҳашт сол зиндонӣ кард
Сипас Давлатова бо Мамадҷонова то соати 16:00 дар ҳудуди шаҳри Душанбе сайру гашт карда, дар бораи мушкилиҳои зиндагонии ҳамдигар суҳбат кардаанд.
Гуфта мешавад, Азиза бо мақсади аз ҳаёт маҳрум кардани Мадина ӯро ба самти ноҳияи Варзоб бурд ва дар ҷойи беодам аз ҳиссиёти рашк нахуст ӯро шадидан латукӯб ва сипас бо гиребони куртаи дар тандоштаи Мамадҷонова гулӯяшро буғӣ карда, бештар аз панҷ дакиқа роҳи нафасашро банд кардааст.
Баъди аз ҳуш рафтан ва беҳаракат гаштани Мамадҷонова ӯ ба ҳамсар ва дигар наздикони худ аз ҳодисаи рухдода хабар додааст.
Маврид ба зикр аст, ки Азиза Давлатова барои содир кардани ин ҷиноят бо қарор суд ба муҳлати 11 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Ҳамзамон ҳамсараш низ бо қарори суд ба муҳлати 5 солу 4 моҳ зиндонӣ гашт.