СММ аз ҳукумат ва эътирозгарон дар Қазоқистон хост, аз хушунат худдорӣ намоянд

Сухангӯи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар пайи нооромиҳои ахир дар Қазоқистон аз ҳамаи тарафҳо дар ин кишвар хост, аз хушунат худдорӣ кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 январь — Sputnik. Стефан Дюжаррик, сухангӯи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ахиран гуфт, ки СММ бори дигар аз ҳамаи тарафҳо мехоҳад, аз худ хештандорӣ нишон дода, аз хушунат худдорӣ ва масоилро ба сурати мусолиматомез ҳал кунанд, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА
Вай бо таъкид бар ин ки "куштани афсарони пулис ва муътаризон ғайриқобили қабул аст", изҳор дошт, дар ҳар вазъияте ва ҳангоми эҷоди назми умумӣ ниёз аст, ки ҳуқуқи башар, стандартҳо ва қавонини байналмилалӣ риоят шавад.
Комиссари олии ҳуқуқи башар ахиран ба мақомоти қазоқистонӣ ёдоварӣ кард, истифода аз зур, бахусус тирандозӣ бояд дар шароити бисёр хос ва ба унвони охирин абзор алайҳи ашхоси хос ҷиҳати ҷилавгирӣ аз таҳдиди ҳатмии марг ё ҷароҳат истифода шавад.
Боздошти раиси собиқи Кумитаи амнияти милии Қазоқистон
Мардуми Қазоқистон дувуми январ, як рӯз пас аз афзоиши қимати гази моеъ ба хиёбонҳо омаданду алайҳи ин тасмими давлат тазоҳурот карданд.
Бинобар эъломи Вазорати кишвари Қазоқистон, беш аз се ҳазор нафар дар ҷараёни нооромиҳо дар эътироз ба афзоиши баҳои газ дар ин кишвар дастгир ва 26 тан аз нерӯҳои амниятӣ кушта шуданд.
Қосимҷомарт Тоқаев, раисиҷумҳури Қазоқистон рӯйдодҳои рӯзҳои ахир дар ин кишварро иқдомоти хасмонаи хориҷӣ донист ва эълом кард, ин воқеаҳо, аз пеш барномарезӣ ва таъмини молӣ шуда буданд.